Дар пайравӣ бо Путин Тоқаев баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Қазоқистонро манъ кард

Қаблан кишвардори Русия фармонеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он, баровардани беш аз 10 ҳазор доллар ба хориҷ аз ин кишвар манъ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев фармонеро "Дар бораи чораҳои таъмини суботи молии Ҷумҳурии Қазоқистон” имзо кард, ки содироти асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор доллар аз кишварро манъ мекунад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар дод.

"Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи молӣ қарор мекунам: аз Ҷумҳурии Қазоқистон содир кардани асъори нақди хориҷӣ ва воситаҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 10 ҳазор доллар манъ карда шавад", - омадааст дар хабар.

Илова бар ин содироти тангаҳои инвеститсионии аз тило ва нуқра сохташуда ба хориҷ аз ин кишвар низ манъ шудааст.
Бо фармони Путин, баровардани беш аз 10 ҳазор доллар аз Русия мамнуъ шуд
Бояд гуфт, қаблан кишвардори Русия айнан чунин фармон тасвиб карда буд.
Ҳамакнун баровардани 10 000 доллар аз қаламрави Русия, тибқи фармони Владимир Путин, мамнуъ аст.
Дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ин тадбирҳо дар пайи "амалиёти ғайридӯстона ва хилофи ҳуқуқи байналхалқии ИМА, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқии ба онҳо ҳамроҳшуда" ба амал омадаанд.