Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард

Дар Тоҷикистон ба воридкунандагони нақлиёти барқӣ сабукӣ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози кишварро ҷонибдорӣ карданданд, ки озод намудани воридоти бидуни боҷи гумрукии нақлиёти барқӣ ба кишварро пешбинӣ мекунад.
Ҳамакнун бар асоси ин тағйирот, воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Инчунин бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод мешаванд.
Таъсиси ниҳоди нав ва фармоиши электромобилҳо барои мусофирбарӣ дар Тоҷикистон
Қаблан Рафиқа Мусоева, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон гуфта буд, истифода аз онҳо ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон, ки ҳиссаи асосии он имрӯз ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст, инчунин ба таҳияи технологияи нави хидматрасонии мошинҳои барқӣ, таъсиси ҷойҳои кор, коҳиши вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи истифодаи дигар энергияҳои барқароршаванда изҳори назар карда буд.
Тоҷикистон барои воридоти нақлиёти барқӣ аллакай талош мекунад.
Қаблан намояндагони Қазоқистон аз таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба автомобилҳо, махсусан электромобилҳо иттилоъ дода, таъкид намуда буданд, ки аллакай аз як ширкати мусофирбарии Тоҷикистон барои интиқоли электромобилҳо ба кишвар фармоиш гирифтаанд.