ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мақсуд Додоҷонов, сеҳргари 22-солаи тоҷик орзу дорад, ҳунари худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.
Ӯ хатмкардаи литсейи рақами 2-и пойтахт барои хонандагони болаёқат буда, феълан дар Театри "Чудес", дар шаҳри Маскав кор мекунад.
Сомонаи JOM, ки бо ин сеҳргари ҷавон суҳбат кардааст, менависад, Мақсуд бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Ӯ ин ҳунарро аз падари худ ёд гирифтааст ва ҳоло дар Тоҷикистон бо ҳайати театр дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, мактабҳои хусусӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳр ва берун аз он "фокус" нишон медиҳад.
Мақсуд дар оянда комилан ба сеҳргарӣ машғул шуданист, вале доштани маълумоти олиро низ муҳим арзёбӣ мекунад. Бинобар ин дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад.
Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳоло ин жанр ба фарқ аз кишварҳое чун Русия ва Амрико чандон муваффақ нест, аммо вай изҳори бовар кард, ки дар ояндаи наздик ин жанр ҳатман пеш хоҳад рафт.