ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ғарб ҳадафмандона эҳсосоти миллатгароиро дар Украина инкишоф дод, то ба Русия зарба занад.
Дар ин бора дар матлабе, ки раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар вебсайташ нашр кардааст, гуфта шудааст.
Мақолаи "Суқути ҷаҳони якқутбӣ" ба авзоъ дар Украина ва ҳамчунин равобити Русия ва Ғарб, ки ба он пайванди ногусастанӣ дорад, бахшида шудааст.
Дар ин матлаб Қодиров бори дигар Зеленскийро ба таслим шудан даъват кардааст.
"Бо раисҷумҳури Русия тамос гиред, шикасти худро эътироф кунед. Ин беҳтарин ва дурусттарин тасмим хоҳад буд, ки мардуми Украинаро ҳимоят мекунад", — навиштааст раиси Чеченистон.
Қодиров изҳор дошт, ки НАТО пас аз фурӯпошии ИҶШС тадриҷан ба марзҳои Русия наздик шуда, ба амнияти он таҳдид мекунад.
Дар идома ӯ қайд намуд, дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина маълум шуд, ки на Украина ва на кишварҳои кафил шартҳои Ёддошти Будапешт дар соли 1994 дар мавриди даст кашидан аз мақоми қудратҳои ҳастаиро иҷро карданӣ нестанд.
Вай таъкид кард, ки артиши Русия дар ҷараёни як амалиёти вижа муваззаф шудааст, ки мардуми осоиштаро наҷот диҳад, дар ҳоле ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва миллатгароён "шаҳрвандони худро ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд".