ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Гуфтушунидҳои Маскав ва Киев дар ояндаи наздик баргузор мешаванд. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Вай дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди мулоқоти навбатии ҷонибҳо қайд кард, ки гуфтугӯи видеоӣ рӯзи душанбеи 14 март сурат мегирад.
Қаблан узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байналмилалӣ Леонид Слутский гуфта буд, ки дар муқоиса бо оғози раванди музокирот Маскав ва Киев дар дастёбӣ ба натиҷае пешрафтҳои қобили мулоҳизае доштаанд.
Ба гуфтаи вай, ин пешрафт метавонад "дар чанд рӯзи наздик ба мавқеи муштараки ҳар ду ҳайат, ба асноди имзошуда табдил ёбад".
Владимир Путин рӯзи 21 феврал дар посух ба дархостҳои ҷумҳуриҳои Донбасс ва пас аз муроҷиати вакилони Думаи давлатӣ фармонҳо дар бораи эътирофи соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ-ро имзо кард.
Субҳи барвақти 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Дар Беларус аллакай се даври музокироти Маскав ва Киев дар робита ба ҳалли вазъ дар Украина баргузор шуд. Дар мулоқоти дувум ҷонибҳо дар бораи ташкили долонҳои башардӯстона барои бурунории шаҳрвандон, интиқоли маводи ғизоӣ ва дору ба мувофиқа расиданд.
Баъдтар Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский гуфт, ки музокироти ҳайатҳо дар шакли видеоӣ идома дорад ва гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис шудаанд.