Аз сардӣ дар ВМКБ то гармӣ дар Хатлон: пешгӯии ҳавошиносон

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, дар бархе навоҳии куҳӣ барф меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон мегӯянд, ҳаво дар ҷумҳурӣ абрнок дар назар буда, шабона асосан бебориш ва рӯзона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад, овардааст “Ховар” аз қавли ҳавошиносон.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа гарм, рӯзона 14-19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар навоҳии алоҳидаи вилояти Хатлон низ борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 дараҷа гарм, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа гарм, рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои куҳии ноҳияҳои тобеи марказ борони пуршиддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа гарм, рӯзона 14-19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, боридани жола низ аз эҳтимол дур нест, мегӯянд ҳавошиносон. Таъкид мешавад, ки ҳаво шабона 7-9 дараҷа гарм, рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.