ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров шояд дар минтақаи амалиёти вижаи Русия дар Украина қарор дошта бошад. Дар ин бора шабакаи RT хабар додааст.
Аз рӯи як видеои нашршуда, фармондеҳон ба Қодиров дар бораи чӣ гуна ҷараён доштани ҷанг дар ҶМД ва инчунин дар бораи ҳамлаи қӯшунҳо ҳисобот медиҳанд.
Қаблан Рамазон Қодиров аз даҳҳо ҳазор ҷавони Чеченистон гуфта буд, ки омодаи иштирок дар амалиёти вижаи Русия ҳастанд.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.