ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни мақомоти адлияи ҷумҳуриро қабул намуда, салоҳиятҳои ҳукумату президент зимни таъйиноти кадрӣ дар ин ниҳодро мушаххас кард.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон зарурати тағйиротро ба ҷой доштани бархе мухолифату гуногунфаҳмӣ дар қонунгузории феълӣ рабт дод.
Ба навиштаи "Садои мардум", Ашӯриён тавзеҳ додааст, ки дар асоси моддаи 30-и Қонун дар бораи мақомоти адлия, тартиби ҷойивазкунӣ - ротатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи ин ниҳод аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешавад.
"Меъёри мазкур дар мухолифат ва такроршавӣ ба моддаи 26, иловаи 1-и Қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ" қарор дошта, дар амалия гуногунфаҳмиро ба миён овард.Тибқи Қонун дар бораи хизмати давлатӣ, қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкуни кадрҳои роҳбарикунандаи хидмати давлатиро президент тасдиқ менамояд", - иттилоъ дод вазир.
Вай инчунин фармони президентро зикр кардааст, ки танҳо мансабҳои категорияҳои олӣ, якум ва дуюмро бо ҷойивазкунӣ фаро гирифта, ротатсияи дигар категорияҳо бо ҳавола ба қонунгузории соҳавӣ, дастури раисҷумҳур ё ҳукумат сурат мегирад.
"Ҳарчанд моҳиятан бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ ҳамчун воҳиди мустақил аз лиҳози шумораи кормандон ва сарбории кор ба раёсат баробар бошанд ҳам, тибқи феҳристи мансабҳои давлатии Тоҷикистон, мудири бахш, нотариуси калон ва нотариус мувофиқан аз категорияҳои чорум, панҷум ва шашум мансуб дониста шуда, масъалаи ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и онҳо танзим нашудааст", - изҳор дошт Ашӯриён.
Равшан Раҷабозода, ноиби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зимни шарҳи тағйирот гуфт, барои бартараф кардани мухолифат, дар қисми 3, моддаи 30 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав изофа карда мешавад, ки ҷойивазкуни кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия бар асоси Қонун "Дар бораи хидмати давлатӣ" сурат мегирад.
Ҳамчунин ба моддаи 30, қисми 4 илова карда мешавад, ки тартиби ҷойивазкунии дигар кормандони мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешавад, таъкид намуд вазир.