Ҳушдори Вашингтон ба Чин дар сурати дастгирӣ аз Русия

Қасри Сафед ба Чин низ ҳушдор додааст, ки талоши ҷуброни хисороти таҳримҳо ба Русияро накунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. ИМА эълон кардаст, ки дар сурати талоши Чин барои кумак дар бартараф кардани паёмаҳои таҳримҳо худи Пекин низ дучори "пайомад"-ҳое мешавад.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли намояндаи Қасри Сафед хабар дода афзуд, ки тафсилоти пайомадҳо барои Чин рӯшан нест.
Намояндаи Қасри Сафед инчунин суол дар мавриди эҳтимоли роҳандозии таҳримҳо алайҳи Чин дар сурати дастгирӣ аз иқтисоди Русияро бепосух гузоштааст.
Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.
Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.