Эрим Земмур, довталаби мақоми президентиро бо тухм заданд. Ҳодиса замоне рух дод, ки номзад аз мошинаш дар шаҳри Муассак, дар ҷанубу ғарби Фаронса ба истиқболи интихобкунандагон баромад. Ҳодиса рӯзи 12 март дар наздикии дафтари шаҳрдорӣ сурат гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки ҳамлагар падари кӯдаки маъюбе мебошад, ки фавран аз ҷониби муҳофизон боздошт гардид. Дар бораи сабаби ин амал расман гуфта нашудааст, аммо ҳадс зада мешавад, ки падарро интиқоди Земмур аз "инклюзивӣ"-и кӯдакони дорои маҳдудият нороҳат кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории интихоботи президентӣ дар Фаронса дар ду давр - 10 ва 24 апрел дар назар мебошанд. Шӯрои конститутсионии Фаронса 7 март хабар дод, ки 12 номзадро барои иштирок дар рақобатҳои интихоботӣ сабти ном кардааст, ки дар миёни онҳо президенти феълӣ Эммануэл Макрон низ ҳаст.