ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Корхонаи "Азот" то моҳи сентябри соли равон, дар арафаи ҷашни истиқлол фаъол мешавад, хабар дод нашрияи "Ҷумҳурият" аз қавли мақомдорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Ҷавоҳирлал Музаффарӣ, мудири “Тоҷинвест” изҳор доштааст, ки тибқи нақшаи пешбинигардида, "Азот" дар марҳалаи аввал солона 100-115 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол хоҳад намуд.
Таъкид шудааст, ки феълан тамоми таҷҳизоти зарурӣ оварда шуда, ба корҳои насбу барқарорсозӣ ҳудуди 500 мутахассис машғуланд. Кумитаи сармоягузорӣ арзиши насби танҳо технологияро ҳудуди 205 млн. сомонӣ арзёбӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишоварзии Тоҷикистон талаботи солонаи кишварро ба нуриҳои минералӣ қариб 600 ҳазор тонна арзёбӣ карда, изҳор медоранд, ки ҳамасола бо арзиши наздик ба 50 млн. доллар аз хориҷа ин навъи маҳсулот ворид мегардад.
Дар сурати фаъолшавии пурра "Азот" то 50 дарсади талаботи Тоҷикистонро ба нуриҳои минералӣ таъмин месозад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумат ва ширкати "Осиё кемикал" барои барқарорсозӣ, таҷдид ва фаъолсозии корхонаи "Азот" -ро моҳи равон ба тасвиб расонд. Дар ҷаласаи парлумон таъкид гардид, ки барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти нуриҳои минералӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор меравад.
Қаблан Тоҷикистон барои фаъолсозии "Азот" бо ширкати чинӣ созиш карда буд, аммо дар пайи таъхиркории сармоягузор корхона ба кор надаромад.
Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, қисми зиёди аҳолии кишвар дар ин бахш фаъолият мекунанд ва аз нархи нуриҳои минералӣ арзиши маҳсулоти кишоварзӣ низ вобаста арзёбӣ мегардад.