ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳукумати Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе 81 нафар, аз ҷумла ҳафт яманиро барои ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ ва таъсиси як гурӯҳи террористӣ бо ҳимояи кишварҳои хориҷӣ эъдом кард.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии ин кишвар дар сафҳаи "Twitter"-аш хабар дод.
"Қарорҳои ҳукми эъдоми 81 нафарро Додгоҳи таҷдиди назар ва Додгоҳи олӣ бетағйир гузоштанд. Пас аз содир шудани қарор дар бораи иҷрои ҳукм он рӯзи шанбе иҷро шуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Арабистони Саъудӣ, дар миёни афроде, ки ба эъдом маҳкум шудаанд, ҳафт яманӣ ва ҳамчунин ҷавонони зиёде аз шарқи Арабистони Саудӣ, ки дар он ҷо ҷамъияти шиаи ин кишвар дар муқовимат бо ҳукмронии хонаводаи Ал-Сауд ҳастанд, қарор доштанд.
"Онҳо барои ташкил ва анҷом додани ҳамлаҳо алайҳи кормандони нерӯҳои амниятӣ ва ҳамчунин таъсиси ячейкаҳои террористӣ бо ҳимояи хориҷӣ ба эъдом маҳкум шуданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Маврид ба зикр аст, ки ин бузургтарин эъдоми дастҷамъӣ дар солҳои охир дар Арабистони Саудӣ будааст.