ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷерами Ҳант, вазири хориҷаи пешини Бритониё ахиран гуфтааст, ки ҷанг дар Украина бузургтарин шикасти сиёсати хориҷӣ ва амниятии Ғарб дар тӯли зиндагӣ буд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Вай афзуд, ки "ба ҷой сулҳ аз тариқи қудрат мо ҷангро аз тариқи заъф эҷод кардем".
Оқои Ҳант тавсея мекунад, Бритониё бояд то 10 соли оянда буҷаи дифоӣ ва қудрати нармро ба ҳадди ақал, 4 дарсади тавлиди нохолиси дохилии кишвар афзоиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина ташаннуҷ пайдо кард.
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раҳбари Русия.