Нобудсозии корвони техникаҳои ҷангии Украина аз сӯйи чархболҳои Русия – видео

Вазорати дифои Русия видеоеро нашр кард, ки дар он чархболҳои Ка-52-и артиши Русия бо мушакҳои идоранашаванда “Вихр” корвони техникаҳои ҷангии Украинаро комилан нобуд мекунанд
Sputnik
Вазорати дифои Русия навори нобуд кардани як корвони нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз сӯйи чархболҳои Ка-52-и Русияро нашр кард.

"Черхболҳои Ка-52-и нерӯҳои ҳавоии Русия мошинҳои зиреҳпӯш ва корвони мошинҳои нерӯҳои иусаллаҳи Украинаро нобуд карданд. Зарбаҳои ҳавоӣ аз баландииҳои начандон бузург сурат гирифт", - омадааст дар тавсифи видео.

Дар видео парвози чаҳор чархболи Ка-52, ки бо мушакҳои идоранашаванда муҷаҳҳаз мебошанд, дида мешавад.
Сипас сабти шиллики чархболҳо ба корвони украинӣ нишон дода мешавад. Дида мешавад, ки чархболҳо корвони украиниро бо мушакҳои идоранашаванда дар ҳолати ҳаракат нобуд месозанд.