ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Амирхон Муттакӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон дар нишасти Анталия гуфт: “Ҷаҳон чӣ гуна аз мо ҳукумат мехоҳад? Оё ҳукумате монанди роҳбарии Ашраф Ғанӣ, ки ҳама ақвоми Афғонистон дар он тақсим шуда бошанд? Дунё наметавонад чунин сохтори ҳукуматеро ба мо ироа диҳад”.
Вай афзуд, барои сулҳ дар Афғонистон муҳим аст, то мардум нафаси тоза бикашанд.
Ӯ қаблан дар ин нишаст гуфта буд, ки толибон тамоми шартҳо барои ба расмият шинохтанро пурра кардааст ва бояд ба расмият шинохта шавад.
Ҳамчунин вай гуфт, пулҳои мунҷамидшудаи Афғонистон бояд ҳарчи зудтра озод шаванд.