Тоҷикистон шабона ларзид: маркази заминларза куҷо буд

Сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон заминларзаро эҳсос кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар— Sputnik. Шаби 12 март дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза шаби 12 март соати 01:52 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

"Қувваи ларзиши замин 5,2 дараҷа буд", - гуфтанд сейсмологҳо.

Координатаҳои заминҷунбӣ: 37,39 градус арзи шимолӣ; 71,9 градус тӯли шарқӣ будааст.
Маркази зилзила дар умқи 188-километрӣ воқеъ буд, афзуд манбаъ
Заминҷунбӣ дар Афғонистон Душанберо низ ларзонд
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи талафот ва хисорот иттилоъ надодааст.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфта буд, ки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи манотиқи аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохиланд, ва аз ин рӯ ларзишҳои замин дар ин кишварҳо аксаран як падида аст.
Ёдовар мешавем, ки охирин ҳолати заминларза дар кишвар оғози моҳи ҷорӣ сабт шуда буд.