Тоҷикистон мехоҳад, аз Беларус маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ ворид кунад

Тоҷикистону Беларус масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши кишоварзӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ахиран дар дидори Саъдӣ Каримзода, вазири кишварзӣ бо Виктор Денисенко сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои кишвар баррасӣ шуд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, дар ин дидор тарафҳо тавсъаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар арсаи кишоварзиро низ баррасӣ карданд.
Аз ҷумла гуфта шудааст, тарафҳо масоили воридоти маҳсулоти ширӣ, тухмии картошкаи хушсифат, чорво, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ аз Беларусро баррасӣ карданд.
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Ҷонибҳо ҳамчунин имкони таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Беларус барои коркарди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ низ карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин дидор масоили баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар умури ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи намоишгоҳи байналмилалии “БелАгро” баргузор мешавад, баррасӣ шудааст.