ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳи Малайзия Абдулло Султон Аҳмад ба ҳамдигар барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сарони ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия муборакбод гуфтанд.
Раҳмон раванди мусбати равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо умед мебахшад.
"Мо омодаем, ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ идома диҳем", — омадааст дар хабар.
Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ин ба манофеи мардуми ду кишвар хидмат хоҳад кард.
Раҳбари Тоҷикистон ба шоҳ ва шаҳрвандони Малайзия саломатӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно кард.
Абдулло Султон Аҳмад дар барқияи ҷавобӣ ба сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дод.
"Мо бовар дорем, ки ин равобит ба нафъи кишварҳо ва мардумони мо минбаъд низ тавсеа ва таҳким хоҳанд ёфт", - афзуд ӯ.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор шудааст.