Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Назари Жириновский аз бистари беморӣ дар бораи амалиёти Русия дар Украина

Раиси Ҳизби либерал-демократиb Русия аз ҳаводиси Украина огоҳӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия бовар дорад, ки анҷоми амалиёти низомӣ дар Украина барои Маскав хуб хоҳад буд.
Жириновский, ки аз оғози феврал бо осори коронавирус дар беморхона бистарист, аз ҳаводиси асосӣ дар Украина огоҳ мебошад, изҳор дошт сухангӯи ҲЛДР Александр Дюпин.
Ахиран РИА "Новости" аз қавли манобеаш хабар дод, ки вазъи саломатии сиёсамадор беҳбуд ёфта, вай аллакай бо ахбору аснод шинос шуда истодааст.
Дюпин низ беҳбуди вазъи Жириновскийро тасдиқ карда, назарашро дар бораи ҳаводиси Украина баён дошт.
"Ҳанӯз охири моҳи феврал гуфта буд, ки иқдоми қатъии Русияро дар Украина ҷонибдорӣ мекунад. Танҳо бо ин роҳ Русия метавонад манфиатҳояшро ҳимоят кунад ва инро борҳо пешгӯӣ карда буд", - изҳор доштааст сухангӯи ин ҳизб зимни суҳбат аз тариқи телевизиони "Россия 24"
Борелл гуфт, Ғарб дар муносибат бо Русия чӣ иштибоҳ кард
Ба гуфти манбаъ, Жириновский бовар дорад, ки ҳама ба суди Русия меанҷомад ва маблағи ҳангуфте барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандон равона хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бистарӣ шудани Жириновский бар асари коронавирус дар аввали моҳи феврал расонаӣ шуд. Хабар дода шуд, ки вазъи саломатии сиёсатмадор сангин буда, аз 30 то 75%-и шушҳояш гирифтори беморӣ шудааст.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби вазнинии COVID-19 сари вақт дархост накардани Жириновский барои кумаки тиббӣ будааст.
Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ ҳанӯз дар беморхона нигоҳ дошта мешавад, то комилан муолиҷа ёбад. Дар мавриди таърихи мураххас шудани Жириновский то ҳол иттилое ироа нашудааст.