ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. “Амонатбонк” вобаста ба қатъ гардидани фаъолияти "Western Union" дар қаламрави Русия ва Беларус дар як баёнияе муштариёни худро барои гирифтани маблағҳои интиқолдодаи худ тавасути ин низом огоҳ кардааст.
Дар ин баёния масъулини “Амонатбонк” ёдовар шудааст, шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии интиқоли маблағҳо тавассути низоми байналхалқии интиқоли пули "Western Union" истифода мебаранд, бояд донанд, ки низоми интиқолии мазкур фаъолияти худро дар кишварҳои Русия ва Белорусия аз санаи 24.марти соли равон қатъ менамояд.
“Ба ҳмин хотир муштариёни муҳтарам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки маблағҳои интиқолии тавассути ин низом воридшударо то санаи 24 марти соли 2022 аз филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Амонатбонк қабул намоед”, - таъкид доштааст Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, “Амонатбонк” қайд кардааст, ки амалиётҳои интиқолӣ тавассути ин низоми интиқоли пул дар дигар кишварҳо ба ғайр аз Русия ва Беларусия чун муқаррарӣ фаъолият менамоянд.