ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Муноқиша дар Украина метавонад ба болоравии қимати ғизо ва гуруснагии сартосарӣ оварда расонад.
Дар ин бора, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Томсон Пирӣ рӯзи ҷумъа дар брифинг гуфт.
"Ҳавзаи баҳри Сиёҳ, ки ҳамчун сабади нони Аврупо маъруф аст, яке аз муҳимтарин минтақаҳои тавлиди ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад. 30% содироти гандум, 20% содироти ҷуворимакка ба Украина ва Русия рост меояд. Аз ин рӯ ҳар гуна халалдоршавӣ дар истеҳсолот ё таъминот метавонад нархҳоро боло барад ва ба миллионҳо одамоне, ки аллакай аз таварруми баланди ғизо дар кишварҳои худ осеб дидаанд, таъсир расонад”, - гуфт ӯ.
Болоравии нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ инчунин ба хароҷоти фаъолиятҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа, ки аз соли 2019 аз сабаби пандемия ва таваррум дар ҷаҳон аллакай 50% афзоиш ёфтааст, таъсир мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аллакай бар асари болоравии қурби доллар нархи маводи аввалия якбора боло рафт.
Пеш аз ҳама нархи орд, шакар ва рӯған гарон шуд:
Орд 330 - 340 сомонӣ;
Равған 115 - 125 сомонӣ;
Шакар 12 - 14 сомонӣ.