Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу: Ихтиёриён аз Ховари Миёна мехоҳанд, дар озодсозии Донбасс иштирок кунанд

Вазири мудофиаи Русия дар бораи ихтиёриёне гуфт, ки хостори иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украина шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия изҳори дошт, ки бештари дархостҳои иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украинаро аз ихтиёриён аз Ховари Миёна наздик гирифтаанд.
Ба иттилои вазир, аз ин минтақа беш аз 16 ҳазор нафар хостори иштирок дар озодсозии Донетску Луганск шудаанд.
"Ба мо теъдоди зиёди дархостҳо аз довталабони иштирок дар ҳаракати озодисоози ҶХД ва ҶХЛ ворид мешавад, аммо нисбатан бештари онҳо аз кишварҳои Ховари Миёнаанд", - изҳор дошт Шойгу дар ҷаласиа Шӯрои амният.
Ӯ пешниҳод кард, ки ҷонибдори вокуниши мусбат ба дархости ихтиёриён мебошад, чун онҳо ин корро на барои пул, балки барои кумак мекунанд.
"Бисёри онҳоро мо мешиносем. Ба мо дар мубориза бо ДИИШ* дар лаҳзаҳои душвортарин тайи 5 соли охир кумак кардаанд", - таъкид намуд вазири мудофиаи Русия.
Президенти Русия Владимир Путин низ идеяи ҷалби ихтиёриён ба Украинаро ҷонибдорӣ кард.
"Агар мебинед, ки одамоне ҳастанд ва мехоҳанд, ба таври ихтиёрӣ, бахусус на барои пул, биёянд ва ба мардуми Донбасс кумак расонанд, хуб, аз онҳо бояд истиқбол кард ва барои интиқол ба минтақаи ҷанг кӯчидан кумак",- гуфт вай дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амният.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сафорати Украина гуфт, чӣ гуна амрикоиҳоро ба ҷанг бо Русия ҷалб мекунад
Ба гуфтаи сарвари Русия, "сарпарастони ғарбӣ" ҷамъоварии зархаридонро барои ширкат дар даргириҳо пинҳон намекунанд. "Онҳо ин корро ошкоро анҷом медиҳанд, ки тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро сарфи назар мекунад", - гуфт ӯ.
Владимир Путин ҳамчунин аз пешниҳоди вазири дифоъ барои интиқоли таҷҳизоти ғаниматӣ, танку аслиҳаи сохти ғарбӣ ба Донбасс пуштибонӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти низомӣ дар Украина 24 феврал оғоз гардида, феълан идома дорад.