Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ҳукумати Русия маҳдудиятҳои парвоз ба Тоҷикистонро лағв кард

Маҳдудиятҳои парвоз, ки ба далели пандемия ҷорӣ шуда буданд, лағв гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор дорад, ки Русия маҳдудиятҳои парвоз бо онҳоро бекор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии "Росавиатсия", маҳдудиятҳое, ки ба далели пандемияи коронавирус роҳандозӣ гардиданд, бекор шуданд.
Парвозҳои бидуни маҳдудият дар баробари Тоҷикистон, инчунин ба Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон низ амалӣ мешаванд.
Таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳо аз 9 март бо қарори Ҳукумати Русия лағв гардиданд. Ин тағйирот ҳам ба парвозҳои мунтазам ва ҳам номунтазам рабт дорад.
Фаронса гуфт, барои роҳандозии парвозҳо бо Тоҷикистон омодааст
Парвозҳо бо кишварҳои зикршуда бар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ ва дигар созишҳои мақомоти ҳавонавардии тарафайн сурат мегиранд.
Дар зимн ширкатҳои ҳавонавардӣ муваззафанд, ки меъёрҳои ҷорикардаи сартабиби санитарии Русияро зимни анҷоми парвозҳо риоя намоянд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад.
Қаблан Русия иттилоъ дода шуда буд, ки аз 14 март теъдоди парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро зиёд мекунанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистону Русия комилан парвозҳои ҳавоиро дар ҳаҷми пешина, то пандемия барқарор карданд ва феълан ҳафтае миёни ду кишвар то 120 парвоз анҷом мешавад.