ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Қисми зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия бинобар коҳиши маоши воқеӣ эҳтимол ин кишварро тарк кунанд, менависад "Прайм".
Раҳбари маркази коршиносии равобити меҳнат ва ҳифзи меҳнати "Бизнес Россия" Виталий Федин хуруҷи муҳоҷирони корӣ аз ин кишварро ҳадс задааст.
Ин метавонад дар пасманзари коҳиши маош дар Федератсияи Русия бо доллар бинобар сабаби паст шудани қурби рубл ба амал ояд.
"Имрӯз дар кишвар теъдоди зиёди муҳоҷирон, чӣ олӣ ва чӣ пасттахассус кор мекунанд. Дар соли 2022 беш аз 16 миллион нафар сабти ном шудаанд", - зикр кард ӯ.
Федин тавзеҳ дод, ки баъзеи онҳо Русияро тарк карда, барои қувваи кории маҳаллӣ ҷойҳои корӣ озод кунанд.
Дар мавриди шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки бо сабаби рафтани ширкатҳои бузурги хориҷӣ ("Фолксваген", "Мерседес-Бенс", BMW, "Mango", IKEA, "Coca-Cola", "Caterpillar", "Danone", BP, "Shell", "McDonald's") бекор монданд, коршинос бовар доранд, ки давлат тайёр аст, онҳоро бо кор таъмин намояд.
"Барои ин воситаҳо мавҷуданд, аз ҷумла кам кардани меъёри саҳмҳои суғурта ба фондҳои иҷтимоӣ, азнавтайёркунии босуръат ва ғайра", — гуфт ӯ.
Виталий Федин мутмаин аст, ки дар сурати таҳдиди ҷиддӣ ба афзоиши бекорӣ василаҳои изофӣ барои ҳимоят аз шуғл пайдо хоҳанд шуд.