Путин: ИҶШС ҳамеша зери таҳримҳо зиндагӣ мекард ва муваффақ мешуд

Президенти Русия мегӯяд, ИҶШС ҳамеша зери таҳримҳо зиндагӣ мекард ва муваффақ ҳам мешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. ИҶШС ҳамеша зери таҳрим зиндагӣ мекард ва ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни музокира бо ҳамтои белорусияш Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Маскав қарор дорад, изҳори назар кард.

"ИҶШС воқеан дар шароити таҳримҳо зиндагӣ мекард, рушд кард ва ба комёбиҳои бузург ноил шуд... Ҳатто пас аз солҳои 90 таҳримҳо алайҳи Русия нигоҳ дошта мешуданд ва баъдан аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба замони муосир гузаштанд", - гуфт Путин.

Ҳамин тариқ Лукашенко гуфт, бо итминони комил ба Маскав омадааст, ки сарфи назар аз таҳримҳо, "мо беҳтар аз ҳамеша, пас аз пошхӯрии СССР ва ҳатто дар СССР кор хоҳем кард".
Ба гуфтаи Лукашенко, вазъият тавре нест, ки моро ночор гардонад ва аз баъзе рӯйдодҳо хавотир шавем.
"Александр Григоревич, шумо комилан дуруст мегӯед! Иттиҳоди Шӯравӣ воқеан ҳамвора дар шароити таҳримҳо зиндагӣ мекард, рушд мекард ва ба муваффақиятҳои бузург ноил мешуд", - гуфт Путин.
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Дар пайи амалиёти Русия дар Украина Ғарб чаҳор бастаи таҳримҳои шадидро ҷорӣ кард. Ва Вашингтон талаб мекунад, ки иқдомоти боз ҳам сахттареро пиёда намоянд. Аммо дар Аврупо онҳо омода нестанд, ки винтҳоро то ба охир тоб диҳанд, зеро ин ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо зарба мезанад.
Феълан 5,5 ҳазор таҳрим эъмол кардаанд, ки нисбат ба Эрон, Сурия ва Кореяи Шимолӣ бештар аст. Ҳама кишварҳои иттиҳод ба ҷуз аз Швейтсария дар ин таҳримҳо саҳм доранд.
Вашингтон талаб мекунад, ки ҳамагӣ ҳамчун фронти ягона амал кунанд, ҳатто аз онҳое, ки дар НАТО нестанд. Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури сиёсӣ рӯзи 8 март гуфт: "Мо ба ҳар кишваре, ки суҳбат мекунем, фишор меорем, бахусус он давлатҳоеро, ки аз таҳримҳо худдорӣ мекунанд”.