ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар музокирот бо Украина пешрафтҳои муайяне ҳосил шудаанд, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко.
Путин мегӯяд, ҳайати Русия ба ӯ гузориш дод, ки дастовардҳое дар гуфтушунидҳо мавҷуданд.
"Ман, албатта, шуморо бо вазъ дар Украина шинос хоҳам кард, пеш аз ҳама дар мавриди музокирот, ки айни ҳол тақрибан ҳамарӯза сурат мегирад. Он ҷо натоиҷи муайяне ба даст омадааст. Дар ин бора музокиракунандагон аз ҷониби мо хабар доданд. Ман муфассал дар ин бора ба шумо нақл хоҳам кард", - гуфт президенти Русия.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран гуфт, умедвор аст, дар масъалаи Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Барои Русия эътирофи Қрим ва ҷумҳуриҳои Донбасс аҳамияти аввалиндараҷа дорад, изҳор дошта буд Мединский.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ дар суҳбат бо расонаҳо масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хонда, муҳим донистааст, ки роҳи муросо пайдо шавад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.