Нерӯҳои Ҷумҳурии Халқии Донетск шаҳри Волновахаро озод кардаанд, хабар дод намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков.
Ӯ зимни нишасти ҳаррӯзаи худ охирин натиҷаҳои амалиёти низомӣ дар Украинаро ироа кард. Ба гуфтаи Конашенков, нерӯҳои Донетск ба тахриби ҳалқаи дифоии Мариупол идома дода истодаанд.
Инчунин минтақаҳои аҳолинишини Олгинка, Велика-Анадол ва Гайи Сабз зери назорат гирифта шуданд.
Дар зимн таъкид гардид, ки низомиёни Русия бо зарбаҳои дақиқ фурудгоҳи низомиро дар Лутск ва Ивано-Франовск тахриб кардаанд.
Амалиёти низомии Русия дар Украина аз 24 феврал оғоз шуда, то ҳол идома дорад. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, танҳо инфрасохтори низомиро ҳадаф қарор медиҳад ва аҳолии осоиштаро чизе таҳдид намекунад.