Карзай: ИМА омили бадбахтии мардуми Афғонистон шудааст

Яке аз чеҳраи шинохтаи сиёсии Афғонистон ва раисҷумҳури собиқи ин кишвар ҳузури бистсолаи низомиёни Амрикоро дар он кишвар омили ақибмондагӣ ва бадбахтии мардуми кишвараш донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳамид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, Амрико бо ҳузури низомиаш дар 20 соли гузашта дар Афғонистон боиси дарди сари бузурге барои мардуми Афғонистон шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои афғон”.
Ба гуфтаи вай, амрикоиҳо бо шиори мубориза бо терроризм ба Афғонистон ҳамла карданд, аммо кор баръакс шуду аз террористҳо ҳимоят карданд.
Раисҷумҳурии пешини Афғонистон ҳамчунин пардохти бахше аз дороиҳои Афғонистон ба қурбониёни ёздаҳуми сентябр аз тарафи Амрикоро ғайриодилона, золимона ва нодуруст хонд ва гуфт, Амрико бояд ин дороиҳоро ба мардуми Афғонистон баргардонад.
Афғонистон бо болотарин мизони маргумири модарон дар Осиё
“Ҳоло Афғонистон ба далели таҳримҳо ва мусодираи дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико бо буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст”, - гуфт оқои Карзай.
Ёдовар мешавем, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин раванд боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир ҳам афзоиш ёфтааст.
Дар ниҳоят низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ, авохири моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.