Як ҷавони тоҷик дар Киев захмӣ шудааст

Як ҷавони тоҷик дар вақти қуюди шабгардӣ дар Киев аз пояш тир хӯрдааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Украина аз захмӣ шудани як шаҳрванди кишвар дар Киев хабар дод.
Тавре аз намояндагии дипломатӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ҷавони 22-сола шартҳои соати комендантиро вайрон кардааст. Ӯ аз пояш захмӣ шудааст.
Номи ин ҷавон маълум нест, вале маълум аст, ки ӯ соати 23:00 ба вақти маҳаллӣ ҳамроҳ бо як ҳамватани дигараш ба кӯча баромадааст.
Ин ҳодиса рӯзи 9 март рӯх додааст, аммо танҳо имрӯз расонаӣ шудааст. Маълум аст, ки ҷароҳат ба ҳаёти ҷавон таҳдид намекунад. Ҳоло зодаи Тоҷикистон худро хуб ҳис мекунад. Ӯро дар беморхона бистарӣ накарданд.
Аввалин ҳавопаймо бо тоҷикони аз Украина интиқолёфта дар Душанбе нишаст
Тибқи иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина, ин ҷавони тоҷик ба зудӣ аз қаламрави Киев берун мешавад.
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон, ки қаблан аз Украина ба ин кишвар рафта буданд, бо ҳавопаймои вижа ба Ватан баргаштанд.
Дар ҳавопаймои ширкати ҳавоии лаҳистонии "Enter Air" 186 мусофир, аксаран кӯдакон ва занон буданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми март як парвози дигар бо мусофирон аз Варшава дар назар аст.
Истиқбол ва гусели мусофирон дар фурудгоҳи Фредерик Шопени Варшава дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Лаҳистон, тибқи рӯйхатҳои тартибдодаи намояндагии дипломатӣ, сурат гирифтааст.