ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими ифтитоҳи толори Тоҷикистон ба номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа ширкат кард.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Тавре сафорат хабар дод, кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзуӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба ҳар донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.
Ҳамзамон сафир ба роҳбарияти Бошқирдистон, ДДНТУ ва диспораи тоҷикон дар минтақаи Федералии Приволж, ки саҳми худро дар таъсиси толори Тоҷикистон гузоштаанд, миннатдорӣ баён кард.
Дар маросими ифтитоҳи ин толор оқои Гулмаҳмадзода аз дастовардҳои муҳимтарини кишвар ёдовар шуда афзуд, ки истиқлол дар таърихи халқи тоҷик воқеаи сарнавиштсоз буда, он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдорӣ нақши ногузир дорад.
Илова бар ин сафири Тоҷикистон дар Русия бар зарурати таҳкими робитаҳо миёни донишҷӯёни дур аз Ватан, муттаҳидшавии онҳо, инчунин иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон таъкид кард.