Даъвати Байден аз пешгирии Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ миёни Русия ва НАТО

Раисҷумҳури ИМА гуфт, ки муноқиша байни Русия ва НАТО Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ хоҳад буд ва аз ин бояд пешгирӣ карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА гуфт, Амрико ва НАТО бояд аз муноқишаи мустақим бо Русия худдорӣ мекунанд, зеро ин маънои Ҷанги Сеюми Ҷаҳониро дорад.
"Мо бо Русия дар Украина ҷанг нахоҳем кард. Муқовимати мустақими НАТО ва Русия Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм аст, ки мо бояд аз он худдорӣ кунем", - гуфт Байден дар паёми телевизиониаш ба мардуми ИМА.
Дар пайи амалиёти Русия дар Украина Ғарб чаҳор бастаи таҳримҳои шадидро ҷорӣ кард. Ва Вашингтон талаб мекунад, ки иқдомоти боз ҳам сахттареро пиёда намоянд. Аммо дар Аврупо онҳо омода нестанд, ки винтҳоро то ба охир тоб диҳанд, зеро ин ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо зарба мезанад.
Путин: ИҶШС ҳамеша зери таҳримҳо зиндагӣ мекард ва муваффақ мешуд
Феълан 5,5 ҳазор таҳрим эъмол кардаанд, ки нисбат ба Эрон, Сурия ва Кореяи Шимолӣ бештар аст. Ҳама кишварҳои иттиҳод ба ҷуз аз Швейтсария дар ин таҳримҳо саҳм доранд.
Вашингтон талаб мекунад, ки ҳамагӣ ҳамчун фронти ягона амал кунанд, ҳатто аз онҳое, ки дар НАТО нестанд. Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури сиёсӣ рӯзи 8 март гуфт: "Мо ба ҳар кишваре, ки суҳбат мекунем, фишор меорем, бахусус он давлатҳоеро, ки аз таҳримҳо худдорӣ мекунанд”.