"Western Union" фаъолияташро дар Русия ва Беларус қатъ кард

Хадамоти интиқоли маблағ "Western Union" кор дар Русия ва Беларусро мутаваққиф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Низоми интиқоли пулҳо - "Western Union" фаъолияти худро дар Русия ва Беларус мутаваққиф мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти ширкат.
"Бо дарназардошти ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар атрофи вазъ дар Русия ва Украина, мо тасмим гирифтем, ки фаъолиятамон дар Русия ва Беларус мутаваққиф кунем", - гуфтанд дар ширкат.
"Western Union" - хадамоте буд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз хизматрасонии он барои интиқоли маблағ ба Ватан, васеъ истифода мекарданд.
Русия срӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва деазификатсияи Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Содироти баъзе молҳо аз Русия муваққатан мамнуъ шуд - рӯйхат
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, гуруҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Даври севуми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, барои ҳарду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Музокироти Русия ва Украина: натиҷаҳои мулоқоти Лавров ва Кулеба
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзӯи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.