ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Музокироти вазирони корҳои хориҷии Русияву Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба дар Анталия оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Манбаъ меафзояд, дар мулоқот сардорони умури хориҷии Русия ва Украина дар рӯ ба рӯи якдигар нишастаанд.
Дар ин музокирот вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу низ ҳузур дорад.
Мизҳое, ки ҳар се дар он менишинанд, дар шакли П гузошта шудаанд. Ҳайати ҳар се кишвар аз се нафарӣ иборат аст. Аз ҷумла, аз ҷониби Русия дар мулоқот муовини вазири умури хориҷӣ Андрей Руденко, ки дар мулоқотҳои ҷонибҳои Русия ва Украина дар қаламрави Беларус ширкат мекунад, иштирок дорад.
Бояд зикр намуд, ки музокироти Лавров ва Кулеба аввалин музокирот аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина аст.
Интизор меравад, пас аз анҷоми музокирот нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шавад.