Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд

Дар пасманзари ҷаҳиши якбораи қурби асъор қимати маводи ғизоӣ дар ҷумҳурӣ боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Коҳиши шадиди қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ боиси тағйири қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Нархи маводи аввалияи ғизоӣ: орд, рӯғани рустанӣ, қанд, макарон ва ғайра боло рафт, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Агар қаблан барои як халтаи орди 50-килоӣ на бештар аз 280 сомонӣ талаб мекарданд, ҳоло он на камтар аз 330-340 сомонӣ фурӯхта мешавад. Мизони тафовути қимати қаблӣ аз ҳозир ҳудуди 50-60 сомонӣ аст.
Ҳамзамон боло рафтани нарх боиси баста шудани бисёре аз нуқтаҳои фурӯши орд шудааст, ки қаблан фаъло буданд. Ба гуфтаи тоҷирон, дар анборҳои умдафурӯшӣ қимати орд боло рафтааст ва касе намедонад, ки фардо чӣ мешавад.

"Дирӯз ё як рӯз пеш як халта маҳсулотамонро ба қимати 275-280 сомонӣ мефурӯхтем, аммо зуд маълумот паҳн шуд, ки дар анборҳои яклухтфурӯшӣ нархи як халта орд то 330 сомонӣ боло рафтааст. Биёед, интизор шавем, ки чӣ мешавад", - гуфт Ҳаким, як ордфурӯш.

Вай афзуд, мардум бо гумони он ки ин ба далели нархҳои куҳнаи харид имконпазир аст, хоҳиш доранд, ордро бо нархи пештара ба фурӯш гузоранд, аммо ин тавр нест. Ордро бо нархи қаблӣ фурухта, дигар бо нархҳои ҳозира харида наметавонем, — шикоят кард Ҳаким.
Ба ҷуз аз орд, болоравии нарх ба рӯғани растанӣ ҳам таъсир расонд: қаблан 5 литр ​​бо қимати 105 то 115 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло ин рӯған 115-125 сомонӣ арзиш дорад.
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Нархи қанд ҳам гарон шуд, ҳар килограмм то 12-14 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гуфта мешавад, афзоиши қимати маҳсулоти макаронӣ ва соири маводи ғизоӣ низ ба назар мерасад.
Ёдовар мешавем, ахиран Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки қурби доллар дар як рӯз то 15% боло рафт.
Бино ба маълумоти БМТ, рӯзи 9 март 1 доллар ба 13 сомонӣ баробар шуд. Дар ҳамин ҳол як евро ба 14,19 сомонӣ расид. Арзиши рубли русӣ низ боло рафт.
Ёдовар мешавем, қурби доллар нисбат ба сомонӣ пас аз ислоҳи охирини 4 ноябри соли 2020 тақрибан ду сол бетағйир монда буд.