ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари расмияш ба Қоҳира аз минтақаи Ал-Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср, аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, “Ҷипто фарма” аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Корхона дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ буда, яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон аст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар суҳбати созанда доир кардааст.
Президенти Тоҷикистон ҳамзамон бо фаъолияти ширкати “Тӣ энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) шинос шудааст, ки он доир ба истеҳсоли матоъ ва дӯхти сарулибосҳои ҷинс мебошад.
Бо истифода аз технология ва системаҳои пешрафта, ин иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, 4 ҳазор коргар дорад.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат суҳбат доир намудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон тавонистааст ҳамзамон аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид намояд.
Осорхонаи мазкур дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 ҳектор ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигора мебошад. Осорхона дар баробари ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ, аз ибтидои таърих то замони муосир, аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср низ нақл мекунад.