Фошкориҳои Русия аз озмоишгоҳҳои ИМА дар Украина

Вазорати дифои Русия гуфт, ки амрикоиҳо дар озмоишгоҳҳои биологии Украина чӣ кор мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар ташхисгоҳҳои биологии Украина, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида сохта ва маблағгузорӣ шудаанд, коронавирус дар кӯршапаракҳоро озмоиш кардаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.

"Дар ташхисгоҳҳои биологӣ, ки дар Украина сохта ва маблағгузорӣ мешаванд, тавре ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, коронавирус дар кӯршапаракро озмоиш кардаанд",- гуфт Конашенков.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфт, дар Украина озмоишгоҳе надорад. Аммо қабл аз ин Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷаи Амрико бо эътирофи мавҷудияти муассисаҳои таҳқиқотии биологӣ дар қаламрави Украина чунин озмоишҳоро рад карда буд.
Ба гуфтаи вай, ҷониби Амрико ҳоло "бо украинҳо кор мекунад, ки аз афтодани ҳама гуна маводи таҳқиқотӣ ба дасти нерӯҳои Русия ҷилавгирӣ шавад".
Дар маҷмуъ, Вазорати дифои Русия дар Украина шабакаи 30 ташхисгоҳи биологиро кашф кард, ки барои Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд. Дар ин бора сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи Вазорати дифои Русия Игор Кириллов иттилоъ дод.
Таҳдид дар пушти дар. Иёлоти Муттаҳида дар Украина даҳҳо ташхисгоҳҳои биологӣ таъсис дод
Вай афзуд, ки афзоиши беназорати бемориҳои махсусан хатарноки сироятӣ бархоста аз фаъолияти ташхисгоҳҳои биологӣ ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аст. Шумораи гирифторони сурхча, дифтерия, сил, сурхакон зиёд шудааст.
Кириллов қайд кард, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Украинаро кишвари дорои хатари баланди хуруҷи фалаҷи атфол эълон кардааст.
Дар ояндаи наздик Вазорати дифои Русия қасд дорад, бастаи нави аснод дар бораи фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар Украинаро ошкор кунад.