Нархи бензин дар Тоҷикистон аз 12 сомонӣ гузашт: газ ҳам гарон шуд

Дар пасманзари якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон нархи коло боло рафт, ки бензину газ низ аз ин маҷмуъ истисно нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои ахир болоравии қимати ҳама навъҳои маводи сӯхт мушоҳида мешавад.
Нархи як литр гази моеъ то 6,9-7 сомонӣ боло рафт, ҳол он ки то чанд рӯзи қабл қимати он 6,3-6,4 сомонӣ буд.
Ба гуфтаи ронандагон, дар як рӯз арзиши тамоми навъҳои сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ ва бензин 8-15% боло рафтааст.
Ҳамин тавр, як рӯз пеш як литр гази моеъ 6,4 сомонӣ фурӯхта мешуд, аммо то шом қимати он ба 6,9 сомонӣ расидааст. Нархи бензин 12-12,2 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як рӯзи пеш 1,4 сомонӣ гарон аст.
Коҳиши шадиди арзиши пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ боиси тағйири қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон шудааст. Нархи махсулоти рӯзгор, аз ҷумла орд, рӯғани рустанӣ, қанд ва ғайра низ гарон шудааст.
Арзиши бензин дар Суғд бештар аз 11 сомонӣ шуд
Дар ҳамин ҳол эҳтимол кирояи таксӣ низ гарон шавад, ки ин вазъ сокинонро аллакай нигарон намудааст.
Ҳамзамон ронандагон низ бар инанд, ки қимат шудани арзиши газу бензин масорифи онҳоро зиёд мекунад ва онҳо низ маҷбур мешаванд, ки нархи хидматрасониро боло баранд.
Антонов: Даст кашидани Амрико аз маводи сӯхти Русия бозорҳоро бесубот мекунад
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт сабти ном шудааст. Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта беш аз 618,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 412,6 миллион доллар ворид карда шуда, воридоти гази моеъ 410,5 ҳазор тонна, ба маблағи 211,7 миллион доллар гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон талабот ба гази моеъ нисбат ба дигар маводи сӯхт ба далели арзон буданаш бештар аст.