ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш намудааст, ки меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Русияро риоя намоянд.
Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷике, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, тавсия доданд, вобаста ба тағйирёбии қурби асъор аз хароҷоти дуюмдараҷа, зиёдатӣ худдорӣ ва маблағҳои худро сарфакорона истифода намоянд.
Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимол ҳолатҳои нопардохти музди меҳнат зиёд гардад, бинобар ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботи шартномаи феҳнатӣ фаъолият намоед.
“Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонида шуда, нусхаи онро ҳатман дар худ маҳфуз доред”, - қайд кардааст намудааст манбаъ.