Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Миср

Тоҷикистону Миср дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар имзо шуд:
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;
Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;
Созишномаи бародарӣ ва дӯстӣ миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхона ва Бойгонии миллии Миср.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ багузор карданд.
Мулоқоти сарони Тоҷикистону Миср: Раҳмон ва Сисӣ чиро баррасӣ карданд?
Дар ин нишаст кишвардорон натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.