ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Қаҳрамонии Осиё-2022 дар риштаи дучархаронӣ аз 25 то 29 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Озодхон Давлатшоев, роҳбари Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон гуфт, чунин маъракаи бузург дар ҷумҳурӣ бори аввал баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони 25 кишвари осиёӣ барои пирӯзӣ сабқат хоҳанд кард. Дар миёнашон варзишгарони имконияташон маҳдуд низ ҳастанд.
Қаблан мусобиқаҳои бузурги қаҳрамонӣ дар Ӯзбекистон, Баҳрайн, Маянмор, Малайзия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуда буданд.
Масъалаи баргузории мусобиқаи мазкур аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти раиси Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Усома Аҳмад Алшафар, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё дар моҳи июни соли гузашта буд.
Охири соли гузашта созишнома барои баргузории мусобиқаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон имзо гардид.
Қаблан Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дода буд, ки велосипедронӣ дар шоҳроҳ, дар масофаи аз 150 то 240 километр ва велосипедронӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр баргузор мешавад.