ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Аз 21 нафар варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон иштирок мекунанд, беш аз нисфашон аз ҳаққи идомаи мусобиқот маҳрум гардиданд. Чемпионати мазкур дар шаҳри Уммони Урдун то 14 март идома меёбад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар даври муқаддамотӣ ва чорякфинал миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов (-48кг), Дамир Муйбалихонов (-52кг), Ҷаъфар Ҳакимов (-50кг), Усмоншайх Усмонов (-63кг), Аъзам Фозилов (-75кг), Фирӯз Раҷабов (-80кг) шикаст хӯрдаанд.
Миёни ҷавонон Абубакр Муродов (-57кг), Анушервон Ақназаров (-67кг), Меъроҷ Зоидов (-48кг), Асламҷон Қурбонов (-51кг), Бузургмеҳр Иксанов (-54кг), Саддам Давлатов (-63,5кг) ва Парвиз Ахмедов (-92кг) низ аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум гардидаанд.
Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) миёни наврасон дар даври чорякниҳоӣ пирӯз гардида, ба нимноҳоӣ роҳ ёфтаанд. Миёни ҷавонон Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Нурланбек Эрматов (-75кг) бо шикасти ҳарифон ба нимфинал роҳ ёфтаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, се нафари дигар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шуруъ менамоянд.
Мусобиқаи Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) рӯзи 10-уми март дар назар аст.
Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) 11-уми март дар даври нимфинал вориди майдон мешаванд.