Дар яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Сурия - Ал-Баас раҳпаймое бо ҳузури ҳазорҳо нафар сурат гирифт.
Мардуми Сурия аз амалиёти вижаи низомии Русия барои безарарсозии Украина пуштибонӣ карданд.
Дар раҳпаймоӣ қариб 20 ҳазор нафар, ки аксарашон донишҷӯ ҳастанд, иштирок карданд.
Ҷавонон оҳангҳои ҳарбии шӯравиро зам-зама менавохтанд.
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".