ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Крис Кемпчинский, мудири кулли корпоратсияи "McDonald's" гуфт, 850 тарабхонаи тезтайёрро дар Русия муваққатан мебандад.
Тибқи изҳорот, дар "McDonald's" дар қаламрави Русия 62 ҳазор нафарро кор мекунанд.
"Мо наметавонем ранҷу азобҳои бемаънии инсониро дар Украина нодида гирем", - гуфт Кемпчинский.
Таъкид мешавад, ки "McDonald's" "тамоми тарабхонаҳояшро дар Русия муваққатан баста ва тамоми фаъолият дар бозорро мутаваққиф хоҳад кард". Гап сари 850 тарабхона меравад.
"McDonald's" қайд кард, ки онҳо дарк мекунанд, ки ин ба “ҳамкорон ва шарикони рус” чӣ таъсире хоҳад дошт. Дар робита ба ин таъкид мешавад, ки маоши ҳамаи кормандони "McDonald's" дар Русия пардохт мешавад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол се даври он сурат гирифтааст.