ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Русия барои ҳифзи ҷони хориҷиёне, ки тасмим гирифтаанд, дар амалиёти ҷангӣ дар Украина иштирок кунанд, масъул нест.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия хабар додааст.
"Ҳар амали мусаллаҳона алайҳи хидматчиёни ҳарбӣ дар Украина фавран хунсо хоҳад шуд", - гуфт Мария Захарова.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар мавриди ҷалби хориҷиён барои муқовимат алайҳи нерӯҳои Русия нашр шуданд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, хориҷиён дар Украина фитнаҳои мусаллаҳона бо силоҳи таъминкардаи Ғарб анҷом доданиянд.
Мақомоти Киев мегӯянд, феълан ҳудуди 20 ҳазор дархост аз ҷониби хориҷиён барои иштирок дар мухолифат ба ҷонибдорӣ аз Украина ворид шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.