ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳудуди 91 дарсади аҳолии калонсоли Тоҷикистон вояи якуми ваксина алайҳи коронавирусро гирифтанд, хабар доданд мақомоти тандурустии кишвар.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки то ҳол дар маҷмуъ беш аз 5 млн. 920 ҳазор нафар моякӯбӣ шудаанд.
"Вояи дуюми ваксинаро 4 млну 614 ҳазор нафар ё худ 82,4%-и аҳолии калонсол ва вояи сеюмро 619 ҳазор нафар, муодили 11,1% аллакай гирифтаанд", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмист. Ваксинаро бо яке аз ин 5 дору - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон гирифтан мумкин аст.
Аз миёнаи моҳи феврал дар қаламрави Тоҷикистон, бино бар иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ҳеҷ ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ахиран эълон кард, ки бархе аз маҳдудиятҳои коронаӣ, аз ҷумла реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.
Ҳамчунин бар асоси қарори мазкур, баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешаванд.