Аз гуруснагӣ мемирем? Фаронса ба далели вазъи Украина қаҳтии сартосарӣ пешгӯӣ кард

Вазири кишоварзии Фаронса аз таҳдиди буҳрони ғизоӣ ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Вазъи Украина имсол буҳрони ҷаҳонии ғизоро ба вуҷуд меорад, менависад рӯзномаи "Le Figaro" бо истинод ба вазири кишоварзӣ ва ғизои Фаронса Ҷулиен Денормандӣ.
"Дар минтақаи Баҳри Миёназамин кишварҳои зиёде ҳастанд, ки аз содироти гандум аз Русия ва Украина вобастаанд", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси охир метавонанд боиси баланд шудани нархҳо шаванд, ки ин ба нархи ғизои чорво низ таъсир мерасонад.
Ба навиштаи нашрия, кишварҳои Қатар, Руанда, Қирғизистон ва Миср дар робита ба воридоти гадум 80% ва Туркия 70% аз Русия вобастаанд.
Дар ин росто, сиёсатмадори фаронсавӣ даъват кард, ки барои ҷилавгирӣ аз буҳрони ғизоӣ дар якуним соли оянда чораҳо андешида шаванд.
Тоҷикистониён дар бораи амалиёт дар Украина чӣ андеша доранд: назарпурсӣ
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.