Футболбози маъруфи тоҷик даргузашт

Ин футболбози маъруф зодаи Тоҷикистон буда, соли 2017 бар асари беморие ба фаъолияти варзишии худ нуқта гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бозигари собиқи "Помир"-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Сергей Мандреко дар синни 50-солагӣ даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуотии дастаи "Рапид"-и Вена, ки ин бозигар қаблан дар ин даста бозӣ мекард, хабар дод.
Сабаби марги варзишгар склерози паҳлӯии амиотрофӣ будааст. Бар асари ин беморӣ Мандреко соли 2017 аз футбол канор рафт.
Даргузашти Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавон ва муараббии тоҷик
Ба гуфтаи ҳамкораш Рашид Раҳимов, ташхиси даҳшатнок варзишгарро шикаста натавонист. Вай бо дастгирии оила ва дӯстонаш то охир мубориза бурд.
Мандреко дар ибтидои солҳои 90-ум бо Раҳимов дар Помир бозӣ мекард. Баъд аз ин бозингарон борҳо дар Австрия ва Олмон вохӯрданд. Аз соли 2008 то 2009 Мандреко дар “Локомотив” ба ҳайси ёвари Раҳимов кор кардааст.

"Ӯ ҳамеша як одами хеле меҳрубон буд. То рӯзҳои охири умраш оромтабиат буд. Бо ин хислатҳо ӯ аз атрофиёнаш фарқ мекард", - гуфт Раҳимов.

Мандреко 1 августи соли 1971 дар Бохтар таваллуд шудааст. Ӯ тарбиятгирандаи бошгоҳи футболи "Вахш" буд. Дар ҳайати "Помир" варзишгар аз соли 1990 то соли 1992 бозӣ кардааст. Дар баробари ин дар Қаҳрамонии ИҶШС ва Тоҷикистон иштирок дошт.
Даргузашти ровии телевизион ва рӯзноманигори шинохтаи Русия Михаил Зеленский
Тобистони соли 1992 аз "Помир" ба бошгоҳи "Рапид"-и Австрия гузашт ва то соли 1997 дар он ҷо бозӣ кард. Баъдан Мандреко бо "Герта"-и олмонӣ қарордоди 3-сола баст ва баъд аз он ба тими дигари Олмон "Бохум" гузашт. Соли 2003 варзишгар ба Австрия баргашт ва ду сол дар дастаҳои Маттерсбург ва Парндорф бозӣ кард.