ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Оҷонсии зидди фасод сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш Ф Ҳ-ро бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо боздошт кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ супурдашуда даст задааст.
Гуфта мешавад, ӯ ин корр дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони зертобеи худ - муҳосибони музди маоши шабакаи мазкур А.И. ва Ҳ.М. анҷом додаст.
Ин ниҳод мегӯяд, номбурдагон бо мақсади азони худ намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон, ба маблағи 2 миллиону 341 ҳазору 315 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Ф.Ҳ, А. И. ва Ҳ.М. бо моддаҳои 245, қисмҳои 2, 3, 4, бандҳои “а”, “б”, “г” ва 323, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки моддаи 245 ҷарима ба андозаи 116 то 172 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Моддаи 323 (сохтакории хидматӣ) бошад, ҷарима ба андозаи 23 ҳазор сомонӣ ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.