Интизориҳои Русия аз даври сеюми музокирот бо Украина бароварда нашуданд, изҳор дошт Владимир Мединский, ёвари президент Владимир Путин, ки роҳбарии ҳайати Маскавро ба уҳда дорад. Гуфтушунидҳои навбатӣ ахиран дар вилояти Брести Беларус баргузор гардиданд.
"Ростӣ, интизориҳо бароварда нашуданд, аммо мо умедворем, ки дафъаи оянда қадами ҷиддие ба пеш хоҳем дошт", - гуфт Мединский дар ҷамъбасти музокирот.
Вай таъкид намудааст, ки ҷониби Русия масъалаи долонҳои гуманитариро дар миён гузошта, изҳори умед кардаст, ки аз 8 март ин долонҳо фаъол хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ёвари президенти Русия, ҷониби Украина ҳавасмандияшро барои фаъолсозии долонҳо баён доштаст.
Мединский илова намуд, ки ба ин музокирот бо бастаи санадҳо омаданд, аммо ягонтои онҳо имзо нашуд. Ҳайати Украина ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш бо худ бурдаст.
Ёвари раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки музокирот идома хоҳанд ёфт. Музокироти мазкур дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина ҷараён доранд, ки аз 24 феврал то ҳол амалӣ шуда истодааст.