Ситоди ҷумҳуриявӣ истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизат байни аҳолиро бекор кард

Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ба эътидол омадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ эълон кардааст, ки бархе аз маҳдудиятҳои коронаӣ, аз ҷумла реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.
Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.
Ситод: Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ мегузаранд
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмист. Ваксинаро бо яке аз ин 5 дору - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон гирифтан мумкин аст.
Аз миёнаи моҳи феврал дар қаламрави Тоҷикистон бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳеҷ ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.